БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ИНТИХОБОТ ФАЪОЛОНА ИШТИРОК МЕНАМОЕМ

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҳайати гурӯҳи  таблиғотӣ ва  зергурӯҳхои  назди Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав ҷиҳати   дар  сатҳи  баланди  сиёсӣ баргузор намудани   интихоботи  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  таблиғу  ташвиқи  Барномаи пешазинтихоботии  номзад ба  мансаби  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон   аз  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон корҳои  таблиғотиро бо  маром  идома  дода  истодаанд.

Дар деҳаи  Бешкаппаи Ҷамоати  деҳоти  Наврӯз  мулоқоту  суҳбатҳо оид  ба интихоботи  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон баргузор  гардида, аъзои       гурӯҳи таблиғотӣ Барномаи  пешазинтихоботии  номзад ба  мансаби  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон  бо  назардошти  дурнамои   ҳафт  соли  оянда  (2021-2027), ки  ба  ҳалли   масъалаҳои  муҳими  ҷомеа  ва  таъмини  рушди  устувори  иқтисодиёт, таҳкими соҳаҳои  иҷтимоӣ, дастоварду  пешравиҳои  кишвар  равона  гардидаанд, миёни сокинон  тарғиб карда, қайд  намуданд, ки муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ҳамчун  сиёсатмадори  сатҳи  ҷаҳонӣ, абармарди  илму  ирфон, эҳёгари давлати  миллии  тоҷикон дар  ҷомеаи  ҷаҳонӣ шинохта  шудааст.

      

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg