БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБИ ДУРУСТИ МО ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ОСУДА

ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари мманфиатҳои миллӣ. Ҳамарӯза чорабиниҳои гурӯҳи таблиғотиву ташвиқотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаю маҳаллаҳои ҳудуди Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Хуросон  баргузор гардида истодааст.

Чунин мулоқот  дар деҳаи  ба номи Н. Асадуллои Ҷамоати деҳоти  ба номи С. Айнӣ бо интихобкунандагон баргузор гардида, гурӯҳи таблиғотӣ доир ба моҳияи Барномаи пешазинтихоботии номзад аз ҲХДТ  дар тӯли ҳафт соли оянда  андешаронӣ карданд.

Дар охири вохӯрӣ аз ҷониби иштирокчиён нисбати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ  баён карда шуда, онҳо  иброз доштанд, ки рӯзи 11-октябри соли равон ҳама якҷоя дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, ба ҷонибдории номзад аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овоз медиҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg