БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Наҳзатиҳои лаънатӣ мехоҳанд миллати тоҷик ҳазор соли дигар ғуломи бегонагон бошад

ВОКУНИШ. Истиқлолияти давлатӣ барои мо – тоҷикистониён ба осонӣ ба даст наомад. Бо таъсири қувваҳои бадхоҳи дохилию хориҷӣ кишварамон ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд, ки боиси қурбониҳои азими ҷонӣ, талафот ва хисороти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ гашта, пояҳо, рукнҳо ва асосҳои давлатдориро фалаҷ гардонид, қонуншиканӣ ва бесарусомониҳоро дар мамлакат ба вуҷуд овард. Таърих гувоҳ аст, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо оини давлату давлатдории тоҷикон сахтиҳои хорошикани таназзулу эҳё шуданро борҳо аз сар гузаронида, аз дунболи ҳар шикасту инқироз, боз эҳёшавӣ ва камолоти афзунтарро ноил гаштааст.  

Мардуми шарафманди тоҷикистони соҳибистиқлол хуб медонад, ки баъд аз ба даст овардани истиқлолият кадом қувваҳои дохилӣ ва душманони берунии миллат барои ноором кардани ватани маҳбубамон даст дошатанд.

Аз кору рафтори онҳо мардуми кишвар хуб огоҳ ҳастанд. Имрӯз низ ҳамон гуруҳҳо дар хориҷ аз кишвар барои ноором сохтани ватани азизамон, кӯшиш намуда истодаанд. Сухан дар бораи гуруҳҳое  меравад, ки танҳо як ҳадаф доранд, ин ҳам бошад ба даст овардани ҳокимият бо зулму истибдод ва ҷорӣ намудани фарҳанг ва сиёсати бегона дар умури давлатдорӣ.

Ташкилоти экстремистиву террористии ҲНИТ, ки ахиран бо ҳукми суди олии кишвар чун гуруҳ ва ҳизби террористӣ ва экстремистӣ эълон гардида, фаъолияташ аз соли 2015 дар кишвар манъ шудааст, дар солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар зуҳур кард. Муассисону фаъолони ин ҳизб дидаву дониста мехостанд тавассути ташкили гурӯҳ ҷомеаро ба сӯи нобудӣ баранд ва миллатро дубора ғуломи бегонагон кунанд. Бояд иқрор шуд, ки маҳз гумроҳиву надоштани дониши мукаммали сиёсӣ, ваъдаҳои дуруғи ҳамин афрод сабаб шуданд, ки баъзан ҷавонони бетаҷриба бо таассуб ба дигарон надониста шомили ин ҳизб мешуданд. Саркардагони ин ҳизби манфиатхоҳ бо ваъдаи “биҳишт” мардумро ба сӯи дузах мебурд дар ин дунё ва он дунё соҳиб шудан аксаран ҷавонони навхатро ба доми фиреби худ мекашиданд. Имрӯз низ ҳамин гуруҳҳо мисли мор пустҳои худро ба ҳар ранг иваз намуда  боз  ба чашми мардум хок мепошанд, лекин алакай мардуми шарифи Тоҷикистон, ки аз заҳри ҳалокатборашон базур наҷот ёфт найрангбозиҳоии сиёсии онҳоро нағз медонанд ва дигар ба домашон намеафтанд.

Қ. Гулмуродзода – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg