БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБИ ДУРУСТ ОЯНДАИ БОСУБОТ

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари мманфиатҳои миллӣ. Чанде пеш  вохӯрии аъзои  Ситоди ҷумҳуриявии пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ ва  директори Институти Осиё ва Аврупои Академияи  миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо  бо сокинони ноҳияи Ховалинг  баргузор гардид.

Маҷлисро раиси Ситоди ноҳиявии пешазинтихоботӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг Халилзода Сафар Хоҷа кушод. Сараввал дар маҷлиси вохӯрӣ Қурбонзода Ҳилолбӣ баромад намуда, ба ҳозирин дар бораи Барномаи пешазинтихоботии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  ки барои солҳои 2013 - 2020 таҳия ва  қабул карда шуда буд,  ба таври муфассал маълумот дод. Бо истифода аз имконият мавсуф ба масъалаҳои ҳалталаби ҳаёти занону бонувон дахл намуда, масъулинро барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар масъалаи пӯшидани либоси миллӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, худсӯзию худкушӣ, иҷрои талаботҳои қонунҳои миллӣ- танзими ҷашну маросим, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва дигар масъалаҳои ҳалталаби рӯз  ҷалб намуд.

Сипас, директори Институти Осиё ва Аврупои Академияи миллии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо  дар бораи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  маълумот дода, аз интихобкунандагон даъват ба амал овард, ки рӯзи интихобот ба тарафдории номзади арзанда ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон овози худро диҳанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg