БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА НОМЗАДИ АРЗАНДАИ ХУД ОВОЗ МЕДИҲЕМ!

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари мманфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи  таблиағотии  Ситоди пешазинтихоботии  Кумитаи  ичроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи Ҳамадонӣ бо интихобкунандагони деҳаи Тагноби Ҷамоати деҳоти Даштигуло вохӯрӣ гузарониданд.

Зимни баромад раиси Ситоди пешазинтихоботӣ Давлатҷон  Ғаффорзода оид ба Барномаи пешазинтихоботии номзади арзандаи ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда, қайд намуд, ки Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “ Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум ” ном дошта, тамоми ҷанбаҳои ҳаётии мардуми кишварро дар бар мегирад. Ҳоло дар кишвар ислоҳоти иқтисодӣ марҳала ба марҳала идома дошта, гузариш ба модели нави рушди иқтисодӣ ва расидан ба ҳадафҳои тараққиёти устувор тибқи “ Стратегияи миллии  рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” амалӣ шуда истодааст.

Дар охир ба интихобкунандагон варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg