БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШВОИ МО - ИФТИХОРИ МО!

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари мманфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи  таблиғотии  Ситоди пешазинтихоботии  Кумитаи  ичроияи  ҲХДТ  дар  ноҳия  бо  роҳбарии   раиси  Ситод  Давлатҷон Ғаффорзода бо сокинони деҳаи Файзободи Ҷамоати деҳоти Даштигуло вохӯрӣ гузарониданд.

Зимни баромад Давлатҷон Ғаффорзода қайд намуд, ки Барномаи пешазинтихоботии Президенти мамлакат, ки 2013 пешниҳод гардида буд, 100% иҷро шудааст. Зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон се ҳадафи стратегии мамлакат қариб ҳаллу фасл гардиданд.Баҳри зиндагии шоистаи мардум дар Паёми соли 2019 Пешвои миллат ҳадафи чоруми стратегии мамлакатро эълон намуданд, ки он  саноатикунонии босуръати кишвар мебошад. Сипас, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Исматов Ҳабибулло дар бораи пешрафту созандагиҳои ҳудуди Ҷамоати деҳоти Даштигуло суханронӣ карда, аз интихобкунандагон даъват ба амал овард, ки рӯзи интихобот фаъолона иштирок карда, ба номзади арзандаи ҲХДТ муҳтарам Эмомали Раҳмон овоз диҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg