БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО ҶОНИБДОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи  таблиағотии  Ситоди пешазинтихоботии  Кумитаи  ичроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо интихобкунандагони деҳаи Даштигулои Ҷамоати деҳоти Даштигуло оид ба  интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номзади арзанда аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохурӣ гузарониданд.

Раиси Ситоди пешазинтихоботӣ Давлатҷон Ғаффорзода доир ба  интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии номзади арзанда аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфта, изҳор дошт, ки сифати хизматрасониҳо дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тадриҷан баланд бардошта, аз ҳисоби сарчашмаҳои маблағгузорӣ ба ин бахш бо дарназардошти нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ зиёда аз 123 миллиард сомонӣ равона мегардад.Ислоҳот дар соҳаи дастгирии соҳибкорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ идома ёфта, ташаббусҳои созандаи соҳибкорон минбаъд низ дастгирӣ меёбад. Сипас, дар охир ба интихобкунандагон варақаи иттилоотӣ тақсим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg