ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар деҳаи Фирӯзи Ҷамоати деҳоти “20 – солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” гурӯҳи тарғиботии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар доираи нақша - чорабиниҳо оид ба шарҳи Барномаи пешазинтихоботии намзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот баргузор намуданд.
Дар баромад масъулин иброз доштанд, дар ҳафт соли оянда ҷиҳати ҳалли масъалаҳои шуғл тадбирҳои ҷиддӣ андешида, барои боз ҳам беҳтар гардонидани солимии ҷомеа ба соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ афзалият дода, амалӣ намудани ҳадафҳои тақвият бахшидан ба фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, таъсис додани бозори меҳнати қобили рақобат ва ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ, бо дарназардошти омилҳои демографӣ муайян намудани дурнамои бозори меҳнат, муҳоҷирати меҳнатӣ ва таҳияву татбиқ намудани ҳуҷҷати консептуалӣ барои давраи дарозмуддат, дастрас гардонидани хизматрасониҳои мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ва дар ин самт ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва таҳияи барномаҳо барои онҳо зарур мешуморад
Инчунин, дар идомаи суҳбат намояндагони гурӯҳӣ тарғиботӣ дар масъалаи пешгирӣ аз бемории сироятии короновирус ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ суҳбат намуда, ба ҷамъомадагон маводҳои таблиғотӣ ва ниқобу маҳлулҳои безараргардониро тақсим намуданд.