БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУЛОҚОТ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН СУДМАНД АНҶОМ ЁФТ

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари мманфиатҳои миллӣ. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Назарзода Алӣ Исмон оид ба  шарҳи нуктаҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори Кумитаи иҷроия мулоқот баргузор намуд.

Мавсуф  дар баромадаш иброз дошт, ки дар ҳафт соли охир ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 83 миллиард сомонӣ сармоя, аз ҷумла зиёда аз 30 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб гардид. Барои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 24 миллиард сомонӣ, аз ҷумла дар соҳаи энергетика 11 миллиард сомонӣ, нақлиёт 7,3 миллиард сомонӣ, кишоварзӣ ва обёрӣ 1,3 миллиард сомонӣ, бахши иҷтимоӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок беш аз 4 миллиард сомонӣ равона карда шуд. Илова бар ин, ҳоло барои рушди соҳаҳои мазкур 70 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо маблағи умумии 36 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст. Дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ манзили истиқоматӣ ба масоҳати 9 миллион метри мураббаъ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ бо зиёда аз 160 ҳазор ҷойи нишаст ва муассисаҳои тандурустӣ бо 9 ҳазор кат сохта, ба истифода дода шуданд. Дар ҳафт соли охир беш аз 1500 километр роҳи мошингард, 190 пул, 4 долони зидди тарма ва 50 километр роҳи оҳан бунёду навсозӣ гардида, имконияти транзитии кишвар густариш дода шуд.  Дар натиҷа Тоҷикистон тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалӣ аз рӯи нишондиҳандаи сифати роҳҳои мошингард дар байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол намудааст.  Ҷиҳати татбиқи ҳадафи стратегии таъмини истиқлоли энергетикии кишвар истеҳсоли неруи барқ аз 17,1 миллиард киловатт - соат дар соли 2013 то 21 миллиард киловатт - соат дар соли 2020 расонида шуд. Бо талошҳои созандаи Ҳукумат ва мардуми кишвар ду агрегати НБО-и «Роғун» ба истеҳсоли неруи барқ шурӯъ намуда, маҳдудияти интиқоли барқ дар фасли зимистон бартараф гардид.

Ҳамзамон, гуфта шуд, ки Барномаи мазкур барои ҳафт соли минбаъда таҳия шуда, оид ба масъалаҳои болозик корҳои назаррасе ба нақша гирифта шудаанд.

Дар идомаи суҳбат  дар масъалаи пешгирӣ аз бемории сироятии короновирус ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ суҳбат намуда, ба ҷамъомадагон маводҳои таблиғотӣ ва ниқобу маҳлулҳои безараргардонӣ тақсим карда шуд.

        

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg