БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ ШАКЛИ АСОСӢ ВА ЗАРУРИИ ЗУҲУРИ ШАҲРВАНДОН БА СИФАТИ МАНБАИ ҲОКИМИЯТ ВА ИСТИҚЛОЛИЯТ МЕБОШАД!

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Неругоҳи Обии Барқии Сарбанд”-и шаҳри Левакант бо иштироки гурӯҳи тарғиботчиёни назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант вобаста ба ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ доир гардид.

Таблиғотчиён дар мулоқот доир ба хусусиятҳо ва бартариятҳои Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот дода, дар идомаи суханронӣ атрофи иҷроиши Барномаи қаблӣ, дастовардҳои даврони роҳбарии номзади арзанда ва нақшаҳои минбаъдаи он ибрози ақида карда, даъват бар он намуданд, ки дар интихобот иштироки ҳар як шаҳрванд ҳатмӣ буда, барои ояндаи ободи Ватан саҳми арзандаи хешро гузоред. Инчунин, кайд гардид, ки дар ҷаҳони муосир интихобот шакли асосӣ ва зарурии зуҳури шаҳрвандон ба сифати манбаи ҳокимият ва истиқлолият мебошад. Шаҳрвандон дар интихобот иштирок намуда, ҳокимиятро ташкил менамоянд ва бо ин амал фаъолияти ҳокимиятро қонунӣ мегардонанд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg