БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар маҳал татбиқ гашта истодаанд

Ш.ШОҲИН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Шаҳристони  ҷамоати деҳоти Даштиҷум  бо сокинон вохӯрӣ доир гардид.

Вохӯриро мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Неъматов Абдулҷаббор   кушода, зимни баромадашон  оид  ба Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва масъалаҳои мубрами рӯз аз қабили терроризм, экстремизм, коррупсия, гардиши ғайриқонунии  маводи мухаддир  андешаронӣ намуд. Баъдан мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Ҳошимов Абдураҳим суханронӣ намуд.

Дар қисмати интиҳоӣ якчанд нафар сокинони деҳа ба намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия барои шомил шудан ба сафи ҲХДТ  ариза пешниҳод намуданд, ки онҳо аз ҷониби масъулин бо хушнудӣ пазируфта шуданд.   

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg