БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИШТИРОК ДАР ИНТИХОБОТ ИМКОНИЯТИ САҲМГУЗОРӢ ДАР РУШДИ ДЕМОКРАТИЯ!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрӣ навбатии худро дар самти таблиғу ташвиқи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи гурӯҳи тарғиботӣ дар ҳудуди кӯчаи 50-солагии Ҷамоати шаҳраки Балх вохӯрӣ ташкил намуданд.

Содиқова Меҳрубону муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иброз дошт, ки  ба ҳар фарди ҷомеаи мо зарур аст, дар ин маъракаи сиёсӣ фаъолона ширкат варзида, ҳангоми интихоб ба хатогиҳо роҳ надода, рисолати таърихии худро баҳри устуворгардонии пояҳои давлати демократию ҳуқуқбунёд иҷро намояд ва бо меҳнати фидокоронаи хеш бобати ба давлати мутараққӣ табдил додани кишвари офтобрӯяамон саҳмгузор бошад. Дар охир байни интихобкунандагон ва кормандони ҳизбӣ саволу ҷавоб барпо гашт.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg