БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА ХОТИРИ ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ТОҶИКИСТОН ОВОЗ МЕДИҲЕМ!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ иқдоми навбатии худро дар самти таблиғу ташвиқи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо  гурӯҳи тарғиботӣ дар ҳудуди Ҷамоатҳои деҳоти Узун доир  намуданд.

Дар вохӯрӣ  Алиев Зафар мудири шуъбаи таблиғот, итилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия ва Мӯсоев Хуршед корманди масъули ҳизбӣ иштирок ва баромад намуданд.

Зимни мулоқот Алиев Зафар қайд дошт, ки интихобот ифодаи олии ҳокимияти халқ ба ҳисоб рафта, ҳар шаҳрванд вазифадор аст, ки дар маъракаи муҳиммӣ сиёсӣ фаъолона ширкат намояд ва барои ободу шукуфоии Ватан саҳми худро гузорад. Баъдан Мӯсоев Хуршед иброз дошт, ки имрӯз мо аз сулҳу оромиву таҳкими давлатдории миллии худ ифтихор менамоем. Чунин ифтихорро бояд ҳар як фарди солимфикри ҷомеа соҳиб бошад. Давлатсозиву таҳкими пояҳои давлати миллӣ дар партави сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бомаром ҷараён дорад. Яъне, миллати тоҷик таҳти сарварии Пешвои худ бо ифтихор ва ҳадафмандона ба пеш қадамҳои устувор мениҳад. Интихоботи навбатӣ, ки марҳилаи нави рушди кишварро муайяну мушаххас мекунад, аз ҳар яки мо ҳушёриву дақиқсанҷиро тақозо менамояд. Мо бо интихоби Пешвои муаззами миллат фардои дурахшони худро таъмин хоҳем кард.

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg