ВОКУНИШ. Корҳо ва ё ақидаҳое, ки имрӯз аз ҷониби шайтонбачаҳои наҳзатӣ ва дигаронаш нисбати халқу Ватани худ мегӯянду анҷом медиҳанд, ҳамчун як шаҳрвани Тоҷикистон нафратам боло мегираду ҳазорон маротиба ба онҳо лаънат мехонам. Ин фитнагарони ватаннфурӯш ҳеҷ гоҳ ваҳдату ягонагиро намехоҳанд. Пайваста тариқи шабакаҳои интернетӣ видеоҳои иғвоангез пахш месозанд, ки ин худ дассисаҳои навбатии бадхоҳони миллати тоҷик аст. Дар асл чунин рафтори ноҷавонмардонаи ин хоинону ватанфурӯшон ягон аҳамияте надораду ҳеҷ гоҳ нахоҳад дошт. Зеро чунин нафарон асолатбохтагоне ҳастанд, ки дар зиндагӣ роҳгумзада шудаанд. Ин Ватани маҳбуби ҳамаи мо - Тоҷикистони азиз бе Кабириву Шерзамону Ашӯру дигар хоинон ободу зебо ҳаст ва аз ин ҳам ободтар хоҳад шуд.
Аммо дар ин миён набояд ҳеҷ гоҳ воқеаҳои нангину фоҷеабори ба сари мардуми Тоҷикистон омадаи аввали солҳои навудум - ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997, хиёнату дассисаҳо, истифода бурдани минбарҳои калони исломӣ аз тарафи намояндагони ТТЭ ҲНИ тавассути хоҷагон ва дар ин замина бурдани ҷанги идеалогӣ, аслан нақша ва дурнамоҳои барномаҳои тарҳрезишудаи душманони миллату давлати мо буда, бо дастгирии кишварҳои хориҷа рӯи кор омадаанд, фаромӯш созем.
Сари болои тоҷикон аз фарҳанги волои ӯст ва инак бо фарҳанги сулҳофарӣ дар тамоми ҷаҳон ифтихор мекунем. Дар таҷрибаи таърих беназиртарин корро сомон додем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаро бахшид, ба хотири оромиву осудагии кишвар, ба хотири фардои дурахшони ин миллату сарзамин. Пас, чаро иддае боз носипосиву кӯрнамакӣ намуда, теша ба пояҳои истиқлолияти давлатӣ зада истодаанд?!. Минбарҳои гуногуни итилоотиву сиёсӣ ва диниро интихоб намуда, берун аз Ватан даъвои ватанхоҳӣ намуда, нияти сиёҳ сохтани миллату давлатро доранд.
Чи бояд, кард, ки тамоми ҷомеа аз кӯдакону наврасон сар карда то ҷавонону пиронсолон, ҳама новобаста аз тоҷиру ронанда, деҳқону коргар, муҳоҷиру варзишгар, зиёиву табиб, мувоҷеҳи он бошанд, ки дубора саҳву хатоҳоро мо ҳамагон такрор накунем?! Ба карахтиву барҷомонии иддае аз аҳли ҷомеа чӣ чораандешӣ намоем? Баръло мебинем, ки нафароне чашм аз кирдорҳои ҳасудон гурезонида, гӯшро ношунавою мушкилот мушкилоти ман нест гӯён бетарафиро ихтиёр менамоянд. Солҳои навадуми асри гузашта маҳз хамин бетарафиҳо ва аз ҷиҳати фардӣ ва сиёсӣ, таҳлили амиқ накарданҳо, нисбати ҳар даъвату гуфторҳо бе хулосагирии аниқ равон шуданҳо буд, ки Ватани азизи мо -Тоҷикистон оғуштаи носозгориҳо ва оқибат ба ҷанги таҳмилӣ кашида шуд.
Мо ҳамагон фаромӯш насозем, ки масъулият барои ободиву пешрафти Ватани аҷдодӣ бар души ҳар кадоми мо қарор дорад. Агар мо дар ҳақиқат хоҳони пешравии Ватани азизамон - Тоҷикистон бошем, дар оянда ободу осудагӣ, ваҳдату амнияти комил, инкишоф, тараққӣ ва пешравии босуръати онро дидан хоҳем, имрӯз кинаву ғаразҳоро аз дилҳо дур намуда, барои халқу миллатамон шароити хуби зиндагӣ муҳайё созем.
Мунаввараи Бозоралӣ, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб