МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод дар якҷоягӣ бо аъзои гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо сокинони деҳаи Бӯстони Ҷамоати деҳоти Деҳбаланд мулоқот вобаста ба таблиғу ташвиқи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон доир гардид.
Дар вохӯрии мазкур аъзои гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ноҳия дар бораи моҳияти Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки ояндаи ободи Ватан аз ҳар яки мо вобастагии калон дошта, моро мебояд аз ин дида бештар заҳмату меҳнат кунем.
Инчунин, иштирокчиён ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифу дархостҳо пешниҳод намуданд.