БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОХИРБИН БОШЕД, НА ОХУРБИН!

         Боз омадан зи рафтани хуршед дур нест,

         Гар зиндагист, дида ба дидор мерасад.                                                                                                                                               

АНДЕША. Дар маъракаи  дарпешистода, ки тақдири Ватан ва сарнавишти миллати мо аз он вобастагӣ дорад, яъне   интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бетарафӣ ин хиёнат ба оила, фарзандон, миллату давлат мебошад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар  моддаи 1 омадааст, ки Ҷумхурии Тоҷикистон давлати  сохибихтиёр, демократӣ, хуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Ман мехостам ин ҷо   сари як вожа, яъне  “демократия”  суол биёрам, ки  худи калимаи “демократия”  чи маънӣ дорад. Чи тавре, ки мутафаккири юнонӣ   Перикл  мегӯяд:  “На ҳамаи одамон  ҳунар  ё  қобилияти  сиёсатмадорӣ доранд,  аммо дар бораи сиёсат ҳама   баҳсу мунозира менамоянд”.  Яъне,  сиёсат  ё  сиёсатмадорӣ дар назари мо  кори душвор нест, аммо дар асл чунин нест. Хуллас,  худи калимаи “демократия” аз забони юнонӣ гирфта шуда,  маънояш “ҳокимияти  халқ”-ро дорад, яъне ҳокимият, давлат аз они халқ аст,  бинобар ин халқ роҳбари давлатро интихоб мекунад.

Қайд кардан зарур аст, ки дар  “Эъломияи умумии ҳуқуқи башари   Куруши Кабир  навишта шудааст, ки : “Ҳар инсон ҳақ дорад дар идораи корҳои кишвари худ бевосита ё тавассути намояндагоне, ки озодона интихоб шудаанд, ширкат кунад. Иродаи мардум бояд поя ва асоси  қудрати ҳукумат бошад. Ин ирода  бояд дар интихоботҳои даврагӣ ва ғайриқаллобона ифода ёбад, ки зимни ҳуқуқи  умумӣ ва баробари интихоботӣ ба тариқи овоздиҳии

         махфӣ ё шаклҳои дигари дорои дараҷаи баробар, ки озодии овоздиҳиро

         таъмин кунад, бояд баргузор  гардад”.

Бубинед,  ҳатто  аҷдодони  мо  пешвоёни гузаштаамон  худро тавассути интихобот интихоб менамуданд.     Интихобот ва интихоб кардани касе  ин албатта чуноне,  ки қайд намудем нишонаи давлати демократӣ ва он  як маъракаи сиёсист ва интихоб намудани  шахсони арзанда ва бовариноку уҳдабаро  мебошад.  Интихобот гарчанде, ки як маъракаи сиёсист- воситаи асосии сиёсати бунёдгар ва офаридгор аст.  Аз овоз  додан ё иштирок намудан дар ин маракаи сиёсӣ аз тақдири минбаъдаи мову Шумо вобастагӣ дорад. Мо бояд дар ин  маърака  фаъол ва  ҷиддӣ бошем   ва овози  худро ба шахси шоистаю  сазовор диҳем,чунки аз шахси   интихобкардаи мо –ояндаи миллату Ватан вобастагӣ дорад. Касе, ки дар интихобот иштирок намекунад ва ҳавола ба касе   менамояд,  ояндаи фарзандонаш барои ӯ аҳамияте надорад. Аз беаҳамиятӣ  ва фориғболӣ    замоне   қариб, ки аз миллат, забон ва давлат бенасиб мешудем. Магар он рӯзро фаромӯш кардем, ки  зану фарзанд, падару писар, хоҳару модарони мо дар қаламрави Афғонистон  дар чигуна шароит мезистанд, магар он ғарибию беватанӣ фаромӯш  шуд, ё   шери шоире ба   ёдам меояд, ки  мегӯяд:

 

         Баҳри чи Парвардигорам одамиро сохтӣ,

         Бар дили пуркинааш меҳру вафо нандохтӣ.

         Лаҳзаи муҳтоҷияш бошад забуну бенаво.

         Чун шавад доро Худои хешро нашнохтӣ.

Ба ёд биёред, ки   дар лаҳзаҳои муҳтоҷӣ”  ба кумаки ҳама  зарурат

доштем, имрӯз,  ки “доро”  шудем, қариб, ки  аз гузашта фаромӯш кардаем. Инсон фитратан озод аст, чун ки ақл дорад, ақли инсонро касе ва чизе маҳдуд кардан наметавонад. Ин озодии  мутлақ ба андеша ва фикри инсон дахл дорад, аммо ҷисми инсон  маҳдуд аст. Махдуд ба иҷтимоъ,

- бояд   ба қонуну қоидахои  иҷтимоӣ, сиёсӣ, динӣ, ахлоқӣ ва ғайра итоат кунад. Аз назари таърихӣ  бошад, маҳдуд, чунки тобеъи давру замони  муайян аст. Ин маҳдудиятҳо нисбиянд.  

Ҳамватанони азиз  набояд аз гузашта фаромӯш  кард. Набояд фаромӯш кард,  ки душмани ғаддор ба  мо  чи    карду чи ҳодисаҳо  рух дод. Набояд  ҳамаро дӯст шумурд. Дар китобе хондам, ки дар зиндагӣ  пуштро гардонида ба пеш ҳаракат кардан лозим нест, яъне  ба қафо  нигоҳ кардан лозим аст- гузаштаро  фаромӯш  набояд кард. А.С. Пушкин-сардафтари адабиёти классикии рус қайд мекунад, ки касе ки гузаштаро фаромӯш мекунад  ва нисбати гузаштагон арҷгузор  нест,   ӯ инсони комил нест!. Бале,  набояд гузаштаро фаромӯш  кард!

Боқӣ  интихоби шуморо ба виҷдони Шумо ҳавола намуда, барои ҳамаи шумо  се чизро таманно менамоям: ба ақлатон-хониш, ба ҷисматон-варзиш ва ба руҳатон ибодатро.

Муродова Марҷона, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон                

                                               

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg