БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ИНТИХОБОТ ОВОЗИ ҲАР НАФАР МУҲИМУ ТАҚДИРСОЗ АСТ

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Парафшон”-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бо иштироки аъзои гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ доир гардид, ки мавзуи меҳварии онро интихоботи дарпешистодаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бар мегирифт.

Аъзои гурӯҳи корӣ аз дастовардҳои дар ҳафт соли қаблӣ ба даст омада, яъне расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишвар, ки аз се ҳадафи асосии стратегии барномаҳои қаблӣ буданд, ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки дар ин давра тавассути ба кор даромадани ду чархаи НБО “Роғун”, сохтмони даҳҳо нерӯгоҳҳои хурду бузурги обӣ лимити қувваи барқ бардошта шуд ва мардум пурра бо барқ таъмин гардид.

Дар вохӯрӣ, инчунин вобаста ба интихоботи дарпешистода ва нақши бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот дар кишвар, шинохти Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ ҳамчун давлати сулҳҷӯю инсонпарвар, рушду пешрафти тамоми соҳаҳои мамлакат ва таъмини зиндагии шоистаи мардум сухан рафта, иштироки фаъолонаи иштирокдорон дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ тақозо карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg