БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАРДУМ ОЯНДАИ БОСАОДАТИ МИЛЛАТРО БО ЭМОМАЛӢ РАҲМОН МЕБИНАНД

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҶДММ “Исмоили Сомонӣ” дар робита ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бо аъзои ин ташкилот вохӯрӣ доир гардид, ки зимни он масъалаҳои муҳими ин маъракаи муҳими сиёсӣ ва муҳтавои асосии Барномаи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар рафти вохӯрӣ масъулин вобаста ба иҷро гардидани се ҳадафи муҳими барномаи қаблӣ, ба мисли даст ёфтан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсонӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, дар ин замина ба миён омадани ҳадафи чорум- саноатикунонии босуръати мамлакат, то ду баробар афзудани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, 2,7 баробар зиёд гардидани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, 1,5 баробар афзуни маҳсулоти кишварзӣ, 2,7 баробар таъмин гардидани нақшаи сармоягузорӣ ва нақшаву барномаҳои нав баҳри боз ҳам таҳким бахшидан ба рушди босуботи иқтисодиёти мамлакат ва ба ин васила боз хам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии халқ сухан гуфтанд. Дастгирии соҳибкорон ва рушд бахшидан ба фаъолияти онҳо яке аз самтҳои муҳими Барномаи нави пешазинтихоботии номзад ба шумор рафта, тавассути саноатикунонии босуръати кишвар сифати рушди иқтисоди миллӣ таъмин ва низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ тақвият меёбад.

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg