ШАҲРИТУЗ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Беморхонаи №2» бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Шомуродзода Саидаъзам, Дилафрӯзи Абдулло, Расулов Толиб ва Ғаффорзода Давлатҷон бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.
Зимни баргузории вохӯрӣ мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони ҷомеа, ки дар арафаи моҳи шарифи Рамазон баргузор гардид, шарҳу тавзеҳ дода, инчунин оид ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, пешгирии занони тоҷик аз тақлид ба фарҳангу либоспӯшии бегона, иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» андешаронӣ намуданд.
Дар охир кормандони ташкилоти ибтидоии номбурда, мулоқоти Пешвои миллатро дастгирӣ намуда, қайд карданд, ки баҳри ободонӣ ва шукуфоии Ватан саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт.