КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи ҷадвали тасдиқшуда оид ба баррасии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, тарғиботчиёни Ситоди ноҳиявии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо сокинони деҳаҳои Дониёркӯл, К. Маркс, Навҷувон, Ҳофизи Шерозӣ ва Деҳқонобод вохӯрӣ доир карданд.
Нуктаҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шарҳ дода шуда, аз ҷумла корҳои бузурги бунёдкорӣ ва созандагӣ, ки дар мамлакат, дар ҳафт соли гузашта бо роҳнамоии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифтаанд, ба дарки ҳамагон расонида шуда, онҳо барои интихоби ояндаи босубот даъват карда шуданд.