КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳҳои таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Кӯшониён мулоқоту вохӯриҳои судманд ҳамарӯза доир гардида истодаанд.
Чунин суҳбати хотирмон бо интихобкунандагон аз деҳаи Ҷалолиддини Балхии Ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳия доир гардид, ки дар он аъзои гурӯҳи таблиғотть вобаст ба моҳияти Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ, пешрафту шукуфоии Ватан ва дигар дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ сухан гуфта, изҳор доштанд, ки расидан ба қадри ин дастовардҳову неъматҳои бузург вазифаи ҷонии ҳар яки мо ба шумор меравад ва моро мебояд бо истифода аз фазои сулҳу ороми кишвар бештар заҳмат кашида, барои худ ва фарзандонамон шароитҳои хубу замонавиро муҳайё намоем.