КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҷабзода Қурбонгул, Нарматова Нафиса, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Абдусаломзода Мунаввар роҳбари зергурӯҳи №2 - и Ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонӣ Ғафурова Мавҷигул ва тарғиботчиёни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20-и ноҳия бо сокинони кӯчаҳои ба номи Б. Иброҳимов, З. Наимов, А. Асроров ва Зебунисо оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Масъулин оид ба Барномаи пешазинтихоботии номзад ҳарф занда, қайд карданд, ки ҳар кореро Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кардааст ва мекунад танҳо барои ободии Тоҷикистон ва зиндагии арзандаи мардум аст. Аз ин лиҳоз мо шаҳрвандон бояд ба қадри ин ҳама заҳматҳои Роҳбари давлат расем ва ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳо бо амалҳои созанда ватандӯст будани хешро собит созем.