КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки роҳбари зергурӯҳи №7 Нуралиева Муҳаббат ва тарғиботчиёни назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод бо сокинони деҳаҳои Дилбар, Сулҳобод ва Лоҳутӣ ҷиҳати тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ хониши сиёсӣ доир гардид.
Дар мулоқот масъулин бандҳои Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ - ро шарҳ дода, таъкид карданд, ки мо сокинон дар остонаи маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем ва моро зарур аст бо шинохти манфиатҳои миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои воло ва дӯст доштани Ватан дар интихоботи дарпешистода иштирок карда, номзади арзандаро интихоб намоем. Дар охири чорабинӣ бошад, аз тарафи кормандони ҳизби ноҳия ба иштирокдорон маводҳои таблиғотӣ дастрас карда шуд.