ХУРОСОН. Дар деҳаи Навзамини ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон бо сокинон ва бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон Азим вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Саидзода Раҳмон дар назди иштирокдорон оид ба ҳадафҳои барномавии ҳизб, нисбати сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, суханронии Пешвои миллат бо аҳли ҷамотчигӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ва инчунин, дар самти шаҳру тавзеҳ ва татбики Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҷавонон ба хизмати Ватан суханронӣ намуда, иштирокдоронро барои дар амал татбиқ намудани сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, ки ба некӯаҳволии сокинон нигаронида шудааст, даъват намуд.
Сокинон суханрониҳои Роҳбари давлатро, ки санаи 12 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бо фаъолони кишвар доир гардид, якдилона пазируфтанд.