БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Масъулияти шаҳрвандӣ боиси пешрафту шукуфоии Ватан мегардад

ХОВАЛИНГ. Дар деҳаи Сангрезгии ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ ба ҳавои номусоиди баҳорӣ, боридани борон нигоҳ накарда, одамони зиёде ба вохӯрӣ омада буданд.

Ҷамъомадро  раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Сафар Халилов бо сухани муқадимавӣ оғоз намуда, мақсади вохӯриро ба иштирокдорон фаҳмонид.  

Дар ибтидо бо пешниҳоди аҳли вохӯрӣ дар деҳа бо номи “Сангрезгӣ” ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуда,  Каромат Қурбонзодаро якдилона раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб намуданд.

Сипас, дар масъалаи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, дастуру супоришҳои Сарвари давлат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон суҳбат доир карда шуд. Дар назди ҳозирин мудири шуъбаи талиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Сайҷалол Сатторов, мутахассиси шуъбаи таблиғот иттилоот ва таҳлилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Амирзода Аловуддин Қурбоналӣ баромад намуда, муҳтавои  самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба мардум фаҳмониданд. Онҳо бештар атрофи тарбияи фарзандон ҳарф заданд, зеро ҳама аз тарбия оғоз мегардад.

Дар фароварди ҷамъомад ба навҳизбиён шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg