ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аз ҷониби намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Баҳридинов Баҳманёр мониторинг ва арзёбии ҷараёни фаъолияти гурӯҳҳои тарғиботии назди Кумитаи иқроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун гузаронида шуд.
Дар раванди арзёбӣ намояндаи Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб иброз дошт, ки то интихоботи Президентӣ рӯзҳои башумор мондааст, бинобар ин ба масъулин дастур дода шуд, ки ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои тарғиботӣ дар самти таблиғу ташвиқи Барномаи пешаз интихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои заруриро андешида, корҳои таблиғотиро дар деҳаву маҳаллаҳо тибқи нақаша ҷоннок намоянд.