БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФАЪОЛНОКИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД ДАР ИНТИХОБОТ КАФОЛАТИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСТ!

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар асоси нақша- чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии  “МНДСЭ”-и минтақаи Кӯлоб    вобаста ба ташвиқу тарғиби  Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  хониши сиёсӣ  доир карда шуд.

Дар ин  вохӯрӣ узви гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Шарифзода Гулрухсор, Мунавараи Бозоралӣ мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва Муҳаммадҷон Зулфов иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  ба сухан баромада, оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2013-2020  сухан гуфта, нақшаҳои ҲХДТ дар рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар даҳ соли ояндаро  ба ҳозирин шарҳ дод. Иштирокдорон дар навбати хеш баён доштанд, ки номзадии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg