КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Мутобиқ ба ҷадвали баргузории суҳабту вохӯриҳо бо интихобкунандагон, бо иштироки Шарифзода Гулрухсор раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, узви гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ташхиси тиббӣ” мулоқот доир карда шуд.
Зимни мулоқот узви гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Шарифзода Гулрухсор ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ташхиси тиббӣ” иштирок ва баромад намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ Шарифзода Гулрухсор раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ба сухан баромада, иброз намуд, ки интихобот ҳамчун унсури давлати демократӣ арзёбӣ гардида, иштирок дар он қарзи шаҳрвандии ҳар шахс аст.
Дар ин росто аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки зимни баргузории чорабинии муҳимми сиёсӣ аз худ масъулияти баланди ватандӯстӣ нишон дода, дар раванди интихобот фаъолона ширкат варзанд.