КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ҷиҳати омодагии ҳаматарафа ба интихобот нишасти омӯзишӣ бо иштироки нозирони миллии аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихобгардида доир гардид.
Фирӯзи Саидмӯъмин муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, баён дошт, ки дар давраи ташвиқотию тарғиботӣ барномаи номзад аз Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон интихобкунандагон бо суолу дархостҳои зиёде ба шахсони боэътимоди онҳо муроҷиат намуданд. Ин аз он дарак медиҳад, ки вазъи иҷтимоии сокинон боло рафта, мардум мехоҳад, ки барои ободии диёр, пешрафту шукуфоии маҳал ҳиссаи арзандаи худро гузорад.