БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАН ДАР ИНТИХОБОТ ИШТИРОК МЕНАМОЯМ!

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вобаста ба нақшаи тасдиқгардидаи гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар деҳаю маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб барои дар сатҳи баланд гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хонишҳои сиёсӣ аз ҷониби аъзои гурӯҳи таблиғотӣ бо маром ёдома ёфтанд.

Чунин як хониши сиёсӣ  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хун” бо иштироки  аъзои гурӯҳи таблиғотӣ Мунаввараи Бозоралӣ мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва Дилноза Шоева   вобаста ба Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зери шиори “Барои рушди босуботи  кишвар ва зиндагии шоистаи мардум” таҳия гардидааст, суханронӣ намуданд.

Дар охир аз  иштирокчиён даъват ба амал оварданд, ки дар муҳимтарин маъракаи сиёсӣ, яъне интихобот ширкат варзида, райъи худро ба номзади арзанда диҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg