![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/8BvWlqSrlIJMrCNjlXgDQrvwaxn-2.jpg?itok=3wbK1dHb)
ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи тарғиботии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар участкаи интихоботии №4-и Ҷамоати деҳоти ба номи Утақара Назарови деҳаи Саветобод доир ба тарғибу ташвиқи Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2021-2027, барномаю нақшаи корӣ дар давраи омодагӣ ба интихоботи оянда суҳбат доир намуданд.
Гурӯщи тарғиботӣ дар суҳбат қайд намуданд, ки Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 9 бахши фарогир таркиб ёфта, ҳалли муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти ҷомеаро дар марҳилаи нави рушд ба назар гирифтааст. Инчунин, дарҷ карда шуд, ки соли 2020 ҳамчун “Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ” шинохта шуда, барои ҳар як ташкилот ва ҳар як узви ҳизб бояд давраи иқдомҳои созанда ҷиҳати иҷрои бандҳои барномаи амали ҳизб гардад.