ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки мутахассиси шуъбаи таблиғот , иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён М. Худоёров бо усули “хона ба хона” вохӯрӣ баргузор гардид.
Мавмуф зимни суҳбат бо интихобкунандагон иброз дошт, ки Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ аз ҳадафҳои асосии барномавии ҳизб сарчашма гирифта, вазифаи ҳар як узви ҳизбро ҷиҳати рушди иқтисодиёт ва беҳбудии ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар муайян менамояд.
Инчунин, дар идома таъкид кард, ки татбиқи дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҲХДТ ба манфиати ҳар як сокини кишвар буда, дар таъмини зиндагии босаодат ва пешрафту ободии Ватан мусоидат менамояд.