ФАРХОР. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқшуда, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Алиҷон Назаров бо хонандагони синфҳои 10 ва11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳия вохӯрӣ доир намуд.
Нахуст, Алиҷон Назаров дар назди хонандагон баромад намуда, ҷиҳати тарбияи хонандагон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, илмомӯзӣ ва ҳурмату эҳтиром нисбати падару модар, ҳамчунин, оид ба гурӯҳҳои терористию экстримисӣ ва роҳҳои пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ суханронӣ кард.
Мавсуф, зимни баромади хеш, қайд намуд, ки ташаккул додани муносибати неки одам ба ҷамъият ва Ватан, яъне дар рӯҳияи адлу инсоф, фарқ надоштани амалу сухан, инсондӯстӣ, муҳаббат ба ҷамъият ва Ватан тарбия намудани ҷавонон яке аз рисолатҳои асосии ҲХДТ мебошад.