ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, пешбарии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ дар участкаи интихоботии №42 вохӯрӣ доир карда шуд.
Дар вохӯрӣ Шарифзода Маҳмадаюб раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён доир ба масъалаи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, ки муҳимтарин самтҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар солҳои 2021-2027-ро дар бар гирифтааст, сухан намуда, қайд кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон худ шарики фаъоли дигаргунсозиҳои сохтори давлатӣ ва шакли идоракунии ҷомеаи муосири Тоҷикистон буда, тавонист дар як давраи кӯтоҳи таърихӣ вазъи сиёсии кишварро ба субот оварад, барои оромӣ, ҳифзи марзу бум ва ваҳдату ягонагии халқи он мусоидат намояд. ҲХДТ таҳти роҳбарии Раиси муаззамаш тавонист дар аввалин муборизаҳо ва фаъолияти сиёсии худ барномаи густурдаи раҳоӣ аз буҳронро пешниҳод намояд. Қабули Конститутсия, бунёди сохтори давлатдории навинро таъмин намояд. Дар байни ҳарифони сиёсии хеш бо ҷалби бештари аъзо ва ҷонибдоронаш дар таъсиси шохаҳои ҳокимият саҳми арзанда гузошт.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вобаста ба дигаргуниҳои замони муосир раванди мутобиқгардониро пешаи худ намуда, тавонист ҳамчун ташкилоти сиёсӣ барои мақоми муайян пайдо намудан дар ҳокимияти давлатӣ ва амалӣ намудани ғояҳояш мубориза барад. Зеро бунёди давлати соҳибистиқлоли демократӣ бе қабули қонунҳои ҳимоякунандаи мафиати умум ва иҷрои саривақтиву бечунучрои онҳо вуҷуд дошта наметавонад.