БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОВОЗИ МАН ТАҚДИРИ МИЛЛАТАМРО ҲАЛ МЕКУНАД

ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ситоди ноҳиявии  ҲХДТ бо мақсади бурдани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ дар маъракаи пешазинтихоботии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Зафарободи Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх бо иштироки мардуми маҳалла вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ аз ҷониби масъулини Ситоди ноҳиявӣ оид ба муҳтавои Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳафт соли оянда ва корҳои анҷомёфта дар зарфи ҳафт соли гузашта маърӯзаҳо карда шуда, Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ дар ҳафт соли оянда ба саҳми иштирокдорони вохӯрӣ расонида шуд.

Маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ки соли равон баргузор гардид, нишон дод, ки мардуми шарафманди  мамлакат номзадҳои аз ҷониби ҳизб пешбаригардида ва барномаи созандаи ҳизбро, ки барои таъмини зидагии арзанда ва шарафмандонаи ҳар як сокини кишвар нигаронида шудаанд, ҷонибдорӣ менамоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg