ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Наздик шудани маъракаи муҳими сиёсӣ- интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ мулоқоти аъзои Ситоди пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ бо бо фаъолони ноҳияи Дустӣ ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад баргузор гардид.
Дар мулоқоти мазкур аз иҷрои барномаҳо ва ҳадафу маром, корнамоиҳои тӯли роҳбари Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан рафта, иштирокчиён даъват карда шуданд, ки рӯзи интихобот бо як руҳияи идона фаъолона иштирок намуда, ба номзади арзандаи ҲХДТ, барои минбаъдаи зиндагии шоистаи худ овоз диҳед.