БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ – ИНТИХОБИ ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ МИЛЛАТ

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз аз ҷониби  тамоми аъзо ва узви гурӯҳи тарғиботчиёни ноҳияи Данғара  дар ҳамаи деҳаю маҳаллаҳо ва ташкилоту муассисаҳо корҳои таблиғотӣ вобаста ба Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Дар деҳаи Рахшонзамини Ҷамоати деҳоти Корез вохӯрии масъулин бо сокинони деҳа баргузор гардид, ки дар он гурӯҳи тарғиботӣ  вобаста  ба моҳияти Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Сипас, масъулин аз участкаи интихоботӣ дидан намуданд, ки дар он барои интихобкунандагон шароити зарурӣ муҳайё гардидааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg