ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони деҳаи Меҳтари Ҷамоати деҳоти Оқсу вохӯрӣ баргузор гардид.
Каримзода Пирмуҳаммад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара ба интихобкунандагон иброз дошт, ки Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои 7 соли ояндаи Тоҷикистон фаъолият менамояд.
Аз ин рӯ мо бояд бо дасту дили гарм номзадии ин шахси арзандаро дастгирӣ намуда, барои беҳтару хубтар зиндагӣ намудан, кишварамонро ободу зебо дидан, ояндаи дурахшони фарзандонро давом додан саҳмгузорӣ намоем.