ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ҳудуди Ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Восеъ вохӯриҳои ҳайати гурӯҳҳои тарғиботӣ бо интихобкунандагон идома доранд.
Чунин мулоқоти ҳайати гурӯҳи тарғиботӣ дар Ҷамоати деҳоти Тугарак бо кормандону сокинони деҳаи Сулҳобод доир гардид, ки дар он зергурӯҳи ҳайати гурӯҳи тарғиботӣ ва масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия доир ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, аз иштирокдорон даъват ба амал оварданд, ки дар рӯзи интихобот иштирок карда, ба номзади арзандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон овоз диҳанд.