
ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар якҷоягӣ бо аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” миёни аҳолӣ варақаҳои тавсиявии таблиғотиро дар ҷойҳои серодам, автомобилҳои мусофирбар ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ насб намуда, аз ҳамагон даъват ба амал оварданд, ки рӯзи 11-уми октябр ҳама дар интихобот фаъолона иштирок намоянд.
Ҳамзамон, сокинон қайд намуданд. ки барои ояндаи дурахшони худ ва баҳри ободии кишвар мо дар интихобот иштирок намуда, номзади арзандаи худро интихоб менамоем.