БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО БАРОИ РУШДУ ИНКИШОФИ КИШВАР ИНТИХОБИ ДУРУСТ МЕНАМОЕМ

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ корҳои тарғиботиро дар ноҳия идома дода истодаанд. Ва ин навбат дар Бозори марказии шаҳраки Ҳулбук бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ тарғиботчиён доир ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани сулҳи миёни тоҷикон ва рушду инкишофи кишвар баромад намуданд.

Ҳамчунин, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сафар Ҳафиза Раззоқ доир ба баргузории интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, ҳамагонро даъват кард, ки санаи 11-уми октябри соли 2020 дар чорабинии муҳими сиёсӣ-интихоботи Президенти ҷумҳурӣ фаъолона ширкат варзида, ба тарафдории номзади арзанда овоз диҳанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg