БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОРОМИВУ ОСУДАГИИ ТОҶИКИСТОН, ОРОМИВУ ОСУДАГИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНДИ БООРУ НОМУСИ ТОҶИКИСТОНӢ МЕБОШАД, АГАРЧӢ ДАР ВАТАН ҲАСТӢ Ё ДАР ХОРИҶИ ОН

ВОКУНИШ.  Воқеан ҳам дар Тоҷикистон, ки конститутсияи он аз рӯйи мазмуну муҳтаво яке аз беҳтарин конститутсияҳо дар тамоми ҷаҳон эътироф гардидааст, ҳама  инсонҳо  новобаста  аз  синну  сол, рангу пӯст, дину мазҳаб, миллату  халқият  ва  дигар фарқиятҳо шарҳвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон  буда, давлат  ба онҳо ҳуқуқҳои баробар додааст.

Мутаассифона, боиси бадбахтист, ки дар миёни ”ҳаммилатони мо” ҳастанд  одамсуратони  ҳайвонсират, ки  аз барои пулу мол ва сарват шуда, ба муқобили  сиёсати  пешгирифтаи  давлату  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷиикистон  амалҳои  ғайриинсонро  анҷом  медиҳанд.

Намегирам ду сад Руму Вашингтон,

Ба як санги сиёҳи Тоҷикистон.

То  ба  ҳадду  онҳо  аз  баҳри  падару  модар, хешу  ақрабо, миллат  ва Ватани  аҷдодии   худ   гузашта, хизмат  намудан  ба   хоҷагони хориҷии худро болотару арзишмандтар мешуморанд.

Ин хоинону ватанфурӯшон то он дараҷа аз ҷониби хоҷагони хориҷиашон  мағзшӯӣ шудаанд, ки ин ҳама имкониятҳоро барои ислоҳ шудан  сарфи назар карда, пайи анҷоми кирдорҳои ношоиста нисбати давлату  миллати  хеш  мешаванд.

Роҳбари бехираду мазҳабфурӯши онҳо Муҳиддин Кабирӣ бо пайравонаш  аз  насл  ба  насл, ки  дар  хориҷи  кишвар  бо  пулу  моли  ҳаром  шикам  чаронда гаштаю авлодан даст ба ҷиноят зудану бо истифода аз дини поки ислом соҳиби  пулу  мол  шудан  мисли  вирус дар  тамоми  рагҳои  хунгардашон  ҷӯш  мезанад. Мусаллам аст,ки назҳатиҳои наҳсу иблисони одамсурат аз сиёсати пешгирифтаи Сарвари  кишвар  ва  давлату  ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  норозӣ   будаву  сарфи  назар  аз  ободию  оромӣ  ва  сулҳу суботи  тоҷикон, дигар дастовардҳои соҳаҳои мухталифи кишварро нодида гирифта бо  хизмат  намудан  ба  хоҷагони  хориҷии  худ ва партофтани  санги  маломат  ба  сӯи  миллати  аҷдодӣ  бисёр  ифтихор кардаву аз он холҳои баланди  сиёсӣ  мегиранд.

Вале  дар  инҷо  фаромӯш  накунанд, ки халқи инсондӯсту ватанпарвари  Тоҷикистон  бо   он  сарафрозу  ифтихорманданд,ки  дар Ватани   аҷдодӣ дорему озодиҳои шахсии моро қонун ва давлат ҳифз мекунад.

Хотиррасон  менамоем, ки  имрӯз  кишвари  азизи  мо  дар миёни ҳамаи давлатҳои дунё аз ҷиҳати амнияту осудагӣ дар ҷойи намоён қарор дорад   ва  табиист,ки  дар  ҳолате, ки  фарзандон  ва дигар хешу ақрабои мо,ки дар  муҳоҷирати  меҳнатӣ  қарор  доранд, набояд  фаромӯш созем,ки падарону  модарон, занону  хоҳарону додарон, бобову бибиҳоямон дар Ватан орому осуда ба сар доранду ин оромиву осудагии онҳо таҳти сиёсати сулҳҷӯёнаю  ватанпарваронаи  Пешвои  миллат, Роҳбари  давлату  Ҳукумат ба  таври  доимӣ  ҳифз  карда  мешавад. Бо  дарназардошти  ҳамаи  ин  ҳамватанони  азизи  дар муҳоҷират будаи   мо  бояд  ҳушёриву  зиракии  сиёсиро  аз  даст  надода  зинҳор ба гурӯҳҳои ифротии динӣ, экстремистиву террористӣ, ки  дар пешорӯи маъракаи  муҳими  тақдирсозу  ояндасози  кишвар   қарор дорему муборизаҳои  ин  хоинони  миллату давлат бо дастурҳои хоҷаҳои хориҷиашон авҷ мегирад,  фирефтаву шомил нагардида ба таблиғоти дурӯғини  роҳбарони  наҳзативу гурӯҳи 24  бовар накунанд, ҳадафи онҳо такрори  солҳои  90-ум буда, танҳо  на  дар фикри манфиатҳои умумимилливу  умумидавлатианд. Ҳар  касе, ки  новобаста  дар  дохил ва ё хориҷи кишвар асту ба қадри ин оромиву осудагии давлати худ ва аҳли оилаи худ мерасанд бояд ба ин андешаҳо  созгор  бошанд.

Оромиву  осудагии  Тоҷикистон  оромиву  осудагии  ҳар  як  шаҳрванди  боору  номуси  тоҷикистонӣ мебошад, агарчӣ дар Ватан ҳастӣ ва ё дар хориҷи он. 

Осон куҷо ба маснади иззат расидаем,

Баъд аз ҳазор хорию зиллат расидаем.

Дар хуни хеш ғарқаи гирдоб будаем,

Ҷон додаву ба ҷониби давлат расидаем.

ШУКРОНАИ  ЭЗИДИ  ПОК, КИ  МО  ТОҶИКИСТОНИЁН КИШВАРИ  ОРОМУ  ОСУДА  ВА  РУШДКУНАНДАИ  УЗВИ  ҶОМЕАИ ҶАҲОНИЕМ!

Муҳаммаддовуд Ҳалимов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи А.Ҷомӣ

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg