БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Бақои давлат” бо иштироки намояндагони гурӯҳи тарғиботӣ оид ба ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрии навбатии онҳо доир шуд.
Зимни баргузории вохӯрӣ баромадкунандагон доир ба бандҳои алоҳидаи Барномаи пешазинтихоботии номзад муфассал маълумот дода, таъкид доштанд, ки номзади ҲХДТ, ки ғолиби интихоботи Президентии соли 2013 мебошад, бо барномаи нав ворид рақобати сиёсӣ шуда, барнома дар асоси таҳлили дигаргуниҳои солҳои охири дар ҷаҳон ба вуқӯъ пайваста ва пешгӯиҳои мутахассисон барои ҳафт соли оянда таҳия шудааст. Гуфта шуд, ки тақвият бахшидани муқовиммат бар зидди коррупсия ва андешидани чораҳои муассир барои аз байн бурдани сабабу омилҳои ба содиршавии он мусоидаткунанда, амалӣ намудани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати ба вуҷуд овардани рӯҳияи зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа яке аз бандҳои муҳими Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ мебошад.