БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШВОИ МО, ҒАМХОРИ МО!

БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Таҳти ин шиор мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Муродова Марҷона дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и Ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоев миёни интихобкунандагони ҷавон суҳбату вохўрӣ баргузор намуд.

Ҳамчунин, вобаста ба баргузории чорабиниҳои маърифативу варзишӣ ва иттилоотӣ ҷиҳати ихтиёран сафарбар гардидани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати тирамоҳии соли 2020 ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни онҳо бо мақсади фаҳмонидани моҳияти интихобот, Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон машварат карда, зимни машварат саволу ҷавоб сурат гирифт, ки ҳамаи интихобкунандагон ба саволҳои хеш ҷавобҳои мушаххас пайдо намуданд.

Зимни суҳбат Марҷона Муродова қайд намуд, ки баҳри тарғиби ғояҳои созандаи ҲХДТ ва омода намудани ҷавононе, ки қадамҳои аввалини хешро дар интихобот мегузоранд, тамоми чораҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида, онҳоро дар рўҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ ва ахлоқи ҳамида тарбия намуда, иштироки саросарии ҷавононро дар маъракаи муҳими сиёсӣ- интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намоем.

Имрўз ҷавонони баору номуси Ватан ғояҳои созандаи Сарвари давлатро пайваста тарафдорӣ намуда, дар пешравии ҷомеа, созандагию бунёдкорӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, марзу буми он, амнияти саросарӣ ва ғояҳои давлатдорӣ дар тамоми шароит истодагарӣ намуда, баҳри муҳофизати Ватани хеш аз хатарҳои террористию экстремистӣ мубориза намуда, ҷони хешро дареғ намедоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg