БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТИ МО БАРОИ ОЯНДАИ БОСАОДАТ АСТ

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳия Ҷалолиддини Балхӣ  бо сокинони маҳаллаи Уртабузи Ҷамоати деҳоти Узун оид ба баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID – 19) вохӯрӣ баргузор гардид.

Алиев Зафар мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия зимни суҳбат бо аҳолӣ оид ба дастовардҳои Ҳукумати мамлакат зери роҳбари Асосгузори сулҳу ваҳдати миилӣ, Пешвои миллат дар ҳафт соли сипаригашта ва инчунин, оид баи нуктаҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд.

Баъдан мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Нуруллоев Саъдулло оид ба бемории сироятии коронавирус навъи covid-19 ҳарф зада,  сокинониро таъкид кард, ки ба ҳар овозаҳои беасос дода нашуда, барои пешгирии ин бемории сироятӣ аз қоидаҳои беҳдоштӣ самаранонок истифода намоянд. Сипас, ба ҳамагон барои маълумоти зарурӣ пайдо кардан аз ин бемории сироятӣ варақаҳои таблиғотӣ дастрас карда шуд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg