БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИШТИРОК ДАР ИНТИХОБОТ ҚАРЗИ ШАҲРВАНДИИ МАН АСТ!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии навбатии тарғиботчиёни назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вобаста ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони маҳаллаи Саноати  Ҷамоати деҳоти Узун доир гардид.

Дар вохӯрӣ Алиев Зафар мудири шуъбаи таблиғот, итилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ширкат варзида, ҳадафҳои пешгирифтаи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба интихобкунандагон фаҳмонида, даъват ба амал оварданд, ки дар рӯзи интихобот фаъолона ширкат варзида, ба нозмади арзандаи ҲХДТ овоз диҳанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg