ВОКУНИШ. Шайтони лаъин дар ботини иддае аз ашхоси бедонишу беирода ва афроди ноогоҳ роҳ ёфта, аз равони хеш ва кору кирдори баъзе гурӯҳҳои сиёҳкоре, ки ҷаҳони муосирро ба таҳлуқа андохтаанд, ба осонӣ камин гирифта, мехоҳад ҳар лаҳзаву ҳар соат васваса кунад ва аз амалҳои нопоки худ маҳз ба воситаи чунин ашхос ба мақсад бирасад.
Эмиссарони (таблиғгарон) гурӯҳҳои ифротӣ аз ҳар гуна роҳу усулҳо истифода намуда, тамоми имкониятҳоро баҳри ба даст овардани манфиатҳо ва пурзӯр намудани мавқеи худ кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Вале то ҳол намедонанд, ки бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасанд.
Ҳатто аъзои ТЭТ ҲНИ ҳам мисли шайтонҳо борҳо ба ҳадафҳои нопокашон хеле наздик шуданд ва шайтонбачаҳояшон ҳам аз ин «муваффақият»-ҳо ҷашн ҳам гирифтанд, вале билохира ноком гаштанд. Таърихи динҳо ҳам гувоҳ бар он аст, ки қувваи бадӣ дар шакли Аҳриман, Иблис, Шайтон нақшаҳои бадро хеле моҳирона тарҳрезӣ карда, то нуқтаи авҷаш муваффақ мешаванд. Вале дар лаҳзаи ҳалкунанда Худованд онҳоро хору залил мегардонад ва ҳамаи он нақшаҳояшонро ба боди фано медиҳад. ТЭТ ҲНИ низ солҳо нақша кашида омодагиҳо дид, ҷанги шаҳрвандӣ роҳ андохт, пас аз истиқрори сулҳ низ нақшаи табадуллоти давлатӣ кашид, аммо дар охирин мавридҳо, ки нуқтаи авҷи муваффақияташон буду бояд ҳокимияти сиёсиро ба даст мегирифтанд, ноком шуданд. Зеро тавре дар миёни мардум ҳам мегӯянд, бори каҷ ба манзил намерасад. Худованд ба миллати ҷафокашидаи тоҷик раҳм кард ва шарри наҳзатиҳои шайтонро дур сохт.
Дар ҳақиқат, душманон ё ҳасудоне, ки фазои орому беғуборро хӯш надоранд ва аз фазои ғуборолуду заҳрогин даруни ғализи онҳо пур шудаву ҳамеша аз ҷангу низоъ, нооромиву нотинҷӣ ва аз фазои носолим лаззат мебардоранд, лаҳзае ҳам бошад худро муваффақ мепиндоранд ва аз давлату ҳукумати имрӯзаи мо норизогӣ изҳор медоранду бо ношукрию носипосӣ мекӯшанд. Аммо билохира қувваи аҳуроӣ ба қувваи аҳриманӣ ғолиб меояд. Дар ҳама давру замон чунин бадсириштон буданд, ҳастанд ва хоҳанд буд.
Бист сол аст, ки дар сармизини биҳиштосои мо сулҳу ваҳдат, оромӣ, осудагиву ободӣ, бунёдкориву созандагӣ пойдор аст. Худоро шукр! Аммо ин кор ба осонӣ ба даст наомада, дар ин гирудорҳо ҷони ҳазорон ҳазор ҷавонмардони баору номуси Ватан нисор гаштаву беҳисоб кӯдакон ятим, чӣ қадар занон бесрпаноҳу бехона ва чӣ қадар солмандону волидон бепарастору бечора гаштанд. Бо касофатии иддае аз душманону ҳасудон… Онҳо бо афрӯхтани оташи ҷанги шаҳрвандӣ қонеъ нагашта, ба пайкари кишвари ҷавони мо бо супориши хоҷагони берунӣ, хоинони зархариди дохилӣ дар ақидаи баъзе аз ҷавонони гумроҳ, камсаводу беирода рахна задаву мехоҳанд, ки ғояҳои ояндасози ҷавонони имрӯзи соҳибистиқлоли Тоҷикистони маҳбубро дигаргуна созанд.
Ҷавонони ноогоҳ аз асолати хештаншиносӣ аз шири ҷонбахши модар ношукрӣ ва аз ҳавои беғубори Ватан носипосӣ намуда, намедонанд, ки ин амали онҳо хатари ҷиддие ба ҷони худу дигарон, диёр, минтақа ва ҷаҳон хоҳад овард. Хушбахтона, дар ин масир андешидани тадбирҳои зарурӣ бобати пешгирии ҳар гуна амалҳои номатлуб миёни ҷомеа, ба хусус ифротгароӣ аз ҷониби Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоистаи дастгирӣ мебошад. Зеро маҳз сулҳу субот ва оромиву осоиштагӣ метавонад боиси рушду инкишофи давлат ба ҳар халқу миллат бошад.
Месазад, ки ин сулҳу суботи Худододро яке аз муқаддасоти миллӣ шуморида, чун гавҳараки чашм ҳифз намоему арҷ гузорем ва барои пойбарҷову ҷовидона монданаш баҳри гулгулшукуфии Тоҷикистони биҳиштосо саҳмгузор бошем.
Атавуллоева Зебунисо, сокини ноҳияи Панҷ