ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи омодагиҳо ба маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи дарпешистодаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ситоди ноҳиявӣ таъсис дода шуда, ҳамзамон дар назди ташкилотҳои ибтидоии Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ситодҳои ҷамоатӣ оид ба бурдани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ҷиҳати дастгирии ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил гардидааст.
Бо мақсади ҷоннок намудани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ бо истифода аз ҷамъи оммаи васеъ вохӯриҳо идома дорад. Чунин як вохӯрӣ дар хоҷагии деҳқонии Қайнари Ҷамоати деҳоти Норин баргузор гардид.