ТЕМУРМАЛИК. Дар ноҳияи Темурмалик чорабинии супоридани билетҳои ҳизбӣ ба аъзои нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамеша бо шукӯҳу шаҳомоти хоса баргузор мегардад. Аз ҷумла супоридани билетҳои ҳизбӣ ба аъзои нави ҲХДТ дар Корхонаи фаръии давлатии хоҷагии манзилию коммуналии минтақаи Кангурти ноҳияи Темурмалик баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҷабзода Темурмалик иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар чорабинӣ ба 6 нафар аъзои нави ҲХДТ аз корхонаи номбурда дар вазъияти тантанавӣ ҳуҷчатҳои ҳизбӣ супорида шуданд, ки зимни супоридани билетҳои ҳизбӣ Раҷабзода Маҳмадсаид андешаронӣ кард.
Ҳамзамон, мавсуф дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба иштирокдорон маълумот дод.