
ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади тарғибу ташвиқи пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ва ҳамзамон, Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо усули “хона ба хона” дар ҳудуди Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия гардиш доир намуданд.
Зимни суҳбат бо оилаҳо масъулин иброз доштанд, ки дар ҳафт соли оянда ҷиҳати ҳалли масъалаҳои шуғл тадбирҳои ҷиддӣ андешида, барои боз ҳам беҳтар гардонидани солимии ҷомеа ба соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ афзалият дода, амалӣ намудани ҳадафҳои созанда пешбинӣ мегардад.
Ҳамзамон, аз тарафи масъулин варақа - таъкидҳо ва ба ашхоси ниёзманд ниқобҳои тиббӣ ва маводҳои антисептикӣ тақсим карда шуд.